Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал

    Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал <a href="https://t.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал
Yayın: 15 Eylül 2023 Bugün, GÜNDEM Google News

 

 

 

 

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал

15.09.2023 , шаҳри Душанбе

15 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.

 

 

 

 

 

Дар Ҷаласаи Шӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Муовини аввали Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Адилбек Касималиев ва ҳамчунин Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда муҳтарам Каха Имнадзе иштирок карданд.

 

 

 

 

Баъди маросими аксбардорӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳо ва коршиносони байналмилалӣ идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқот як силсила масъалаҳои мубрами фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла натиҷаҳои Раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии Фонд мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва меҳмонони чорабиниро гарму самимӣ хайрамақдам гуфтанд ва оид ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

 

 

 

 

Таъкид гардид, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчуби ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.

Сарон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал зимни суханронии худ ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сатҳи баланди ташкилӣ, пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос карданд.

 

 

 

 

Намояндаи вежаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии Созмон оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ паёми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба самъи иштирокчиён расонд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамчунин Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд.

 

 

 

 

Дар фарҷоми Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Раиси Кумитаи Иҷроияи Фонд оид ба натиҷаҳои кори ҷаласа барои доираи васеи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ орост.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31493?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

 

Son Güncelleme: 15 Eylül 2023