Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
REKLAM ALANI
15.12.2022
A+
A-

 

 

 

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

15.12.2022    шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!

Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.

Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Бовар дорам, ки дар чаҳорчӯби ин Конфронс стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.

Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.

Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.

Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.

Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда, ба тамоми кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои он ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, ки барои дастгирӣ намудани ин ташаббуси мо дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат карданд, аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо камоли ифтихор ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, яъне қабул гардидани қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии мо дар мавзӯи обу иқлим мебошад, самимона табрик мегӯям.

Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.

kaynak:http://www.president.tj/node/29795?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
Arabic Arabic Chinese (Simplified) Chinese (Simplified) Dutch Dutch English English French French German German Italian Italian Portuguese Portuguese Russian Russian Spanish Spanish Turkish Turkish