Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Ифтитоҳи бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарназардошти хонаҳои истиқоматии хизматӣ

Ифтитоҳи бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарназардошти хонаҳои истиқоматии хизматӣ
REKLAM ALANI
20.12.2022
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарназардошти хонаҳои истиқоматии хизматӣ

20.12.2022 , шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифодабарӣ қарор доданд

Иншооти нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он хонаҳои истиқоматии хизматӣ ҷой дода шудааст.

Бино дорои утоқҳои барҳавою замонавӣ буда, барои фаъолияти босамари кормандони шуъба мутобиқ мебошад.

Дар бинои нав ҳамчунин барои тамрини кормандони соҳа толори варзишӣ ташкил гардида, китобхонаи замонавӣ низ дар хизмати онҳо қарор дорад.

Зимни шиносоӣ кормандони шуъбаи амнияти ноҳияи Сино барои бунёди чунин иншооти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони ниҳоди мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини гармии дохили ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дегхонаи алоҳида бунёд гардида, ҳамчунин дигар шароити зарурии кор ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Хонаҳои истиқоматӣ аз як ва ду ҳуҷра иборат буда, бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, қолин, телевизор ва дигар шароити зарурӣ дар хонаҳои навбунёд муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳои барҳавои истиқоматӣ бо санъати баланду сифати аъло бунёд ёфта, ба пуррагӣ таъмири замонавӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки бунёди шуъба бо назардошти хонаҳои хизматӣ идомаи мантиқии дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони ниҳодҳои қудратии мамлакат буда, иқдоми навбатӣ туҳфаи бебаҳо барои кормадони шуъба ва оилаҳои онҳо буд.

Ҳамчунин дар саҳни бино майдончаи замонавии бозии кӯдакона бо насби дастгоҳҳои дилхушӣ барои атфол ташкил гардида, барои истироҳати калонсолон дар ин ҷо суҳбаткадаи замонавӣ ва нишастгоҳҳо насб шудааст.

Корҳои сабзкорӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан дар ҳудуди иншооти нав бо сифату завқи баланд анҷом дода шудааст.

Намои берунаи бинои мазкур бо санъати баланд ва сифати аъло бунёд ёфта, мутобиқ ба меъёрҳои соҳавӣ ва талаботи шаҳрдорист.

Зимни суҳбатҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро вазифадор намуданд, ки дар иҷрои кору масъулияте, ки бар дӯш доранд, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва барои ҳифзу нигоҳдошти осудагиву ободии Ватан тамоми малакаву маҳорати касбии худро истифода баранд.

 

 

kaynak:http://www.president.tj/node/29801?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
Arabic Arabic Chinese (Simplified) Chinese (Simplified) Dutch Dutch English English French French German German Italian Italian Portuguese Portuguese Russian Russian Spanish Spanish Turkish Turkish